Душанбе. 26-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расиданд.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи таърихи қарз (кредит) “, «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “, «Дар бораи карантини растанӣ», «Дар бораи донории хун ва ҷузъҳои он», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
бораи маориф » аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Бояд қайд намуд, ки қонунҳои ба имзорасида, пеш аз ҳама бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди минбаъдаи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар, такмили қонунгузории ҷумҳурӣ ва танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҷамъиятӣ қабул карда шудаанд.
Амалӣ гардидани онҳо барои рушду нумӯ ва пешрафти минбаъдаи ҳаёти ҷомеа мусоидат мекунад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.