Душанбе. 2-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе миёни Тоҷикистону Италия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Котиби Давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Италия, сенатор Алфредо Мантика зери Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Италия оид ба ҳамкории иқтисодиву саноатӣ ва техникӣ ва Протокол дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазоратҳои умури хориҷии кишварҳо имзо гузоштанд.
Пас аз мулоқот А.Мантика дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки айни замон кишварҳо рӯи созишнома оид ба ҳифзи сармоягузорӣ, ки «барои тиҷорати итиолиёвӣ басо муҳим аст», кор мекунанд.
Мушовири давлатии ВКХ Италия аз иштироки Италия дар сохтмони Кохи Миллат, Маркази исмоилиҳо дар шаҳри Душанбе ёдовар шуда, гуфт, кишвараш минбаъд низ ҷиҳати иштирок дар бунёди чунин иншоот омода аст.
Ба гуфтаи А.Мантика, Италия ҳамчунин ба рушди соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон бо ҷалби захираҳои меҳнатӣ аз дохили ҷумҳурӣ манфиатдор аст.