Душанбе. 10-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот машварати корӣ доир намуд.
Таваҷҷӯҳи зиёд ба масоили омодагии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба бартарфсозии оқибати офатҳои табиӣ ва ҳамчунин ба фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовар ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия зоҳир гардид.
Сарвари давлат оид ба пурзӯр намудани тартибу низом дар байни кормандони худи сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва муборизаи беамон бурдан бо коррупсия, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояту қонуншиканиҳо супоришҳои мушаххас дод.
Дар робита ба таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дастур дода шуд, ки аз маблағҳои буҷетӣ ва захираҳои моддӣ сарфакорона истифода баранд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба иҷрои қонунҳо, қарорҳои ҳукумат ва амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба фаъолияти ин сохторҳо дахл доранд, таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ба ҳозирин супоришҳои қатъӣ дод. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.