Душанбе. 15-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Паёми солонаи худро ба парлумони ҷумҳурӣ баён хоҳад дошт.
Тибқи иттилои ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Шавкат Саидов, дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумони кишвар ба ҷуз аъзои парлумон, ҳамчунин роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, зиёиёни эҷодкор ва ВАО низ иштирок мекунанд.
Ба ақидаи аксари коршиносон, масъалаи андешидани тадбирҳо ҷиҳати рафъи оқибатҳои ногувори бӯҳрони молӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ мавзӯи асосии паёми сарвари давлат хоҳад буд.