Душанбе. 20-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти
Ҷ
умҳурии То
ҷ
икистон Эмомал
ӣ
Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори
Чехия дар То
ҷ
икистон
Роберт Капетский эътимоднома қабул намуд.
Зимни с
ӯ
ҳбат бо Роберт Капетский, ки баъди супурдани эътимоднома сурат гирифт, масоили татбиқи амалии санадҳои қарордодию ҳуқуқии миёни ду кишвар баимзорасида ва густариши муносибатҳои ду
ҷ
онибаю бисёр
ҷ
онибаи То
ҷ
икистону Чехия баррас
ӣ
шуд.
Президенти мамлакат аз имкону захираҳои фаровон барои барқарорсозии робитаҳои пештараи То
ҷ
икистону Чехия ва густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд ёдовар шуда, изҳор дошт, ки
«сатҳи имр
ӯ
заи ҳамкории ду кишвар ба имконоти мав
ҷ
уда мутобиқат намекунад».
Иштирок дар сохтмони нер
ӯ
гоҳҳои нави об
ӣ
ва та
ҷ
диди нер
ӯ
гоҳҳои амалкунандаи То
ҷ
икистон ва бунёди корхонаҳои муштараки саноат
ӣ
аз самтҳои асос
ӣ
барои густариши ҳамкории судманди иқтисод
ӣ
арзёб
ӣ
гардид.
Тава
ҷҷ
ӯ
ҳи зиёд ба масоили ҳамкор
ӣ
дар чаҳорч
ӯ
би Иттиҳоди Аврупо, Паймони Атлантикаи Шимол
ӣ
ва Созмони Милали Муттаҳид зоҳир гардид. Гуфтуг
ӯ
йи судманд оид ба масоили вобаста ба мулоқоти «Тройка»- и Иттиҳоди Аврупо бо вазирони корҳои хори
ҷ
ии кишварҳои Осиёи Марказ
ӣ
, ки охири моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, сурат гирифт.
Хотиррасон бояд кард, ки баррасии авзои кунунии Афғонистон ва роҳҳои таҳкиму густариши
ҳамкор
ӣ
дар минтақаи Осиёи Марказ
ӣ
аз мавз
ӯ
ъҳои асосии мулоқоти «Тройка»- и Иттиҳоди Аврупо бо вазирони корҳои хори
ҷ
ии кишварҳои минтақа хоҳад буд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.