Конибодом. 22-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дирӯз ба ноҳияи Конибодом сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни корҳои таъмир дар пойгоҳи обкашии Ҷигадалик ва рафти киштукори баҳорӣ дар ноҳия шинос шуд.
Ӯ ҳамчунин бо фаъолияти чанде аз муассисаҳои тиббӣ дар ҷамоатҳои ба номи Лоҳутӣ ва Ҳамробоев аз наздик ошно гардида, бо фаъолони ноҳия ҷаласа доир сохт.
Қ.Расулзода фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳрро қаноатбахш арзёбӣ намуда, ҷиҳати андешидани чораҳои таъҷилӣ баҳри таъмини муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта, дубора барқарорсозии фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, сохтмони мактабҳои нав, корхонаҳои коркарди меваву сабзавот, гармхонаҳо ва дигар иншооти таъиноти фарҳангиву маишӣ ба мақомоти дахлдор супоришоти мушаххас дод.
Раиси вилоят мақомоти марбутаи ҳукумати вилоятро вазифадор кард, ки барои ҷудо кардани маблағ ҷиҳати таъмири асосии театри мусиқӣ ва драмавии шаҳри Конибодом нақшаи хароҷоти онро тахия созанд.