Душанбе. 29-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни суханронии худ дар мулоқоти сарони кишварҳои узви Бунёди байнулмилалии наҷоти баҳри Арал дар шаҳри Алмаато президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки сабаби хушкшавии баҳри Арал – истифодаи аз ҳад зиёди об дар обёрии заминҳои корами кишварҳои поёноб аст.
Миёни сарони давлатҳо ҳамчунин оид ба истифодаи захираҳои обию энергетикии минтақа ва зарурати аз ташхиси (экспертиза) – и байналмилалӣ гузарондани лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ баҳсу мунозира сурат гирифт.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид изҳор дошт, ки пас ҳамаи обанборҳои бузурги кишварҳои поёноб низ, ки ҳаҷми оби баъзеашон аз баҳри Арал кам нест, бояд аз чунин ташхиси босалоҳияти байналмилалӣ гузаранд.
Аз рӯйи натиҷаи ин мулоқот Изҳороти муштараки сарони давлатҳои муассиси Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал интишор гашт. Дар ин бора аз хдамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.