Душанбе. 5-уми май – 18-уми майи соли 2009 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм баргузор мегардад. Дар ин хусус 4 май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор қабул кард.
Дар иҷлосия Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи ҳадди ақали зиндагӣ», «Дар бораи ба меъёрдарории техникӣ» ва дигар қонуну санадҳои ҳуқуқии вобаста ба масъалаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар баррасӣ мегарданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.