Душанбе. 7-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Украина бо Тоҷикистон, Қирғизистон ва Италия дар мавриди табодули муҳоҷирони ғайриқонунӣ (реадмиссия) тавофуқ ҳосил карданист. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ муовини вазири умури дохилии Украина Василий Мармазов хабар додааст.
Тибқи иттилои хабаргузории «Українські новини», Украина бо Италия дар робита ба ин масъала дар марҳилаи аввали таҳияи асноди марбута қарор дошта, феълан машваратҳо доир мегарданд. «Бо Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз раванди гуфтушунид идома дорад», – омадааст дар иттилои хабаргузорӣ.
Мармазов ҳамчунин гуфтааст, гуфтушунидҳо роҷеъ ба ин масъала бо Арманистону Лубнон ба марҳилаи ниҳоӣ расидаанд. «Феълан Украина дар бораи табодули муҳоҷирони ғайриқонунӣ бо 15 кишвари дунё тавофуқ ҳосил кардааст, ки асосан давлатҳои узви ИДМ мебошанд», – афзудааст номбурда.