Душанбе. 20-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Сафари президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон, ки имрӯз пешбинӣ шуда буд, баргузор намегардад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар дода, вале сабабҳои доир нагардидани сафарро шарҳ надоданд.
Дар ҳамин ҳол, аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, ки «имрӯз Эмомалӣ Раҳмон нияти сафар надорад». «Боздиди сарвари давлат аз вилояти Хатлон рӯзи 20-уми май ба нақша гирифта нашуда буд», – гуфтанд аз хадамоти матбуот.
Ёдовар мешавем, чанде пештар сарчашма аз дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ дода буд, ки имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ба Хатлон меравад ва д
ар ҷараёни сафар бо вазъи зиндагии сокинони аз селоб осебдидаи ҷамоати Айнии ноҳияи Хуросон аз наздик ошно гардида, инчунин дар маросими ифтитоҳи як қатор корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Кӯрғонтеппа ва ноҳияи Румӣ иштирок мекунад. Ҳамчунин хабар дода шуда буд, ки Президенти Тоҷикистон бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Бохтар низ шинос гардида, оид ба натиҷаҳои рушди вилоят дар зарфи чор моҳи соли ҷорӣ ҷаласаи ҷамъбастӣ доир месозад.