Душанбе. 25-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи барномаи сафари расмӣ ба Тоҷикистон, имрӯз президенти Хорватия Степан Месич, ки рӯзи 23-юми май ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, озими вилояти Суғд шуд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҶТ иттилоъ доданд, сарвари давлати Хорватия дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ бо мақомоти раҳбарии вилоят дидору гуфтушунид карда, бо ёдгориҳои таърихии ин минтақа аз наздик ошно мегардад. «Президенти Хорватия аз як қатор иншооти саноатии вилоят низ боздид хоҳад кард», – гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ин сафар перзиденти Хорватияро нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ҳамроҳӣ мекунад ва нимаи дуввуми имрӯз Степан Месич ба ватан бармегардад.
Ёдрас мекунем, ки чанде пештар пас аз музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Хорватия миёни кишварҳо як қатор санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид. Сарвари давлати Хорватия ҳамчунин бо раиси МН МО ҶТ Сайдулло Хайруллоев мулоқот ороста, бо фаъолияти КВД «Ширкати алюминии Тоҷикистон» аз наздик шинос шуд.