Душанбе. 8-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов баҳри иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки пагоҳ 9-уми июн баргузор мешавад, ба шаҳри Маскав рафт.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, дар ҷаласа Нақшаи зиддибӯҳронии Шӯрои иттиҳод ва роҳҳои коҳиши таъсири оқибатҳои он мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Маълумотнома:
Дар таърихи 10-уми октябри соли 2000 дар шаҳри Остона сарони кишварҳои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон Шартномаи таъсиси Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиёро (ЕврАзЭС) ба имзо расониданд, ки он муносиботи ҳамкориҳои кишварҳоро ба сатҳи сифатан нав бароварда, шаклҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии муттаҳидшавии онҳоро муайян сохт. (Аз ҷониби ҳамаи кишварҳо тасдиқ гардида, аз 30-уми майи соли 2001 дар амал ҷорӣ шуд). Феълан Белорус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Русия ва Қирғизистон ба ҳайти ЕврАзЭС шомил мебошанд. Ӯзбекистон моҳи январи соли 2006 ба иттиҳод
ҳамроҳ гардид, вале ахири соли 2008 эълом дошт, ки узвияти худро дар иттиҳод бозмедорад.
Молдова, Украина, Арманистон ва Бонки рушди авруосиёӣ дар назди иттиҳод мақоми нозирро доранд. Шурӯъ аз соли 2003 ЕврАзЭС дар Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун созмони байнулмилалӣ ба қайд гирифта шуда, дар Ассамблеяи Генералии СММ мақоми нозирро соҳиб гашт.