Душанбе. 10-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз сафари сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон идома меёбад.
Нимаи дуюми дирӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар маросими ба истифода супурдани як корхонаи собунпазӣ иштирок намуд. Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкор Аловуддин Салоҳиддинов ба маблағи зиёда аз 550 ҳазор доллари амрикоӣ бунёд ёфта, бо таҷҳизот ва дастгоҳҳои замонавии истеҳсоли Русия муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Иқтидори истеҳсолии корхона 4000 тонна собун дар як сол аст. Дар корхона дар 3 баст 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ
таъмин гаштаанд.
Дар ноҳияи Бохтар Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии боғутокпарварӣ ва сабзавоткории Муслим, Қосим ва Азиз аз наздик шинос шуд.
Дар шаҳри Сарбанд бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи орд ва як мактаби нави таҳсилоти умумӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Корхонаи истеҳсоли орди шаҳри Сарбанд аз тарафи Ҷамъияти масуълияташ маҳдуди «Нури Дилшод» роҳбараш Иноят Саидов бо харҷи зиёда аз 600 ҳазор доллари амрикоӣ сохта ва бо таҷҳизоти ҳозиразамони истеҳсоли Туркия муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Иқтидори истеҳсолии корхона 30 ҳазор
тонна орд дар як сол мебошад. Дар корхонаи мазкур барои зиёда аз 90 нафар ҷойи кор пешбинӣ шудааст. Айни ҳол дар ин ҷо 48 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъминанд.Сарвари давлат Эмомалӣ
Раҳмон ба роҳбари корхона дастур дод, ки дар ҳамин ҷо
то 9 сентябри соли 2010 боз
яктогӣ сехҳои истеҳсоли макарон, равғанкашӣ ва бастабандии обҳои нӯшокӣ бунёд намуда, барои 150 нафар ҷойҳои корӣ муҳайё созад.
Имрӯз бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қӯрғонтеппа маҷлиси фаъолони вилояти Хатлон доир гардида, дар он аз фаъолияти хоҷагидории вилоят дар панҷ моҳи соли ҷорӣ натиҷагирӣ хоҳад шуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.