Душанбе. 12-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни сафар ба шаҳри Екатеринбург ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки рӯзҳои 15-16-уми июн сурат мегирад, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии кӯҳкории Урал сазовор мегардад. Дар ин бора хабаргузории «РусБизнесНюс» иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои ин хабаргузорӣ, сарвари давлати Тоҷикистон ба ватан бо сарулибоси махсуси донишгоҳ бо се ситораи генералӣ хоҳад баргашт.
Рӯзи 15-уми июн Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи давлатии кӯҳкории Урал ташриф оварда, бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот хоҳад кард. Айни замон дар макотиби олии шаҳри Екатеринбург зиёда аз 50 нафар намояндагони Тоҷикистон таҳсили илм мекунанд.
Мувофиқи маълумоти коршиносон, феълан дар вилояти Свердловски Русия ҳудуди 70 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ карда, 45 ҳазори онҳо дар шаҳри Екатеринбург мебошанд. Шаҳрвандони тоҷик асосан дар соҳаи сохтмону тиҷорат машғули коранд.