Душанбе. 19-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз ҳайати Идораи Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ таҳти роҳбарии муовини раиси департаменти ин идора дар кишварҳои Аврупо ва ИДМ Хуберт Айзеле бо сафари дурӯзаи корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари идораи мазкур дар шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, ҳадаф аз сафари корӣ – шиносоӣ бо лоиҳаҳои марбут ба истифодаи об дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст. «Ҳайати Швейтсария ҳамчунин бо ҷараёни татбиқи лоиҳаҳо дар бахши ислоҳоти судӣ ва тандурустии ҷумҳурӣ низ ошно хоҳад гардид», – гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳайат бо як қатор шахсони расмии ҳукумати ҶТ, мақомоти дахлдор ба ин масоил ва ҳамчунин намояндагони созмонҳои байнулмилливу ташкилотҳои мададрасони муқими Тоҷикистон дидору гуфтушунид мекунад.
Зикр гардид, ки сафари кории мазкур инчунин ба вохӯрии қарибулвуқӯъи ҳисоботӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Дафтари Швейтсария дар минтақаи Осиёи Марказӣ маблағгузорӣ шудаанд, низ марбут аст. Вохӯрии мазкур рӯзҳои 21-25-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкек доир мегардад.