Душанбе. 30-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, даъвати саввум ба кори худ хотима бахшида, намояндагони мардумӣ ба таътили тобистона баромаданд.
Дар ҳисоботи худ раиси МН МО ҶТ Сайдулло Хайруллоев изҳор дошт, ки дар ҷараёни иҷлосияи панҷум 39 ҷаласаи шӯро, 23 ҷаласаи парлумон баргузор гардида, 148 қонун ва тағйирот ба он қабул карда шудааст ва 3 лоиҳаи қонун ба коркарди дубора баргардонида шудааст. «Таваҷҷӯҳи асосӣ ба амалисозии бандҳои паёми ҳамасолаи сарвари давлат ба парлумон ва рафъи оқибатҳои бӯҳрони молӣ тавассути қабули қонун ва қарорҳои дахлдор равона гардидааст», – гуфт дар маърӯзаи худ С.Хайруллоев.
Ба гуфтаи С.Хайруллоев, қонунҳои қабулшудаи ҶТ «Дар бораи ҳадди аққали музди рӯзгузаронӣ», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи Бонки миллии ҶТ», ворид сохтани тағйироту илова ба Кодекси андози ҶТ, Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷаи давлатӣ» бояд ба рафъи муваффақонаи бӯҳрони молӣ мусоидат намоянд.