Душанбе. 2-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Латвия Валдис Затлерс бо сафари серӯза аз Тоҷикистон боздид мекунад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҶТ иттилоъ доданд, сафар рӯзи 11-уми июл оғоз меёбад. Дар чаҳорчӯбаи сафар президенти Латвия бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид карда, имзои як силсила асноди ҳамкорӣ миёни кишварҳо дар назар аст.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҳайати Латвия тоҷирону соҳибкорони ин кишвар низ ба Душанбе ташриф оварда, дар кори ҳамоиши тиҷоратии кишварҳо ширкат хоҳанд варзид. Зикр гардид, ки сафари президенти Латвия ба Тоҷикистон нахустин боздиди сарвари кишварҳои минтақаи Назди Балтика ба ҷумҳурӣ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ аст.