Душанбе. 3-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Ҳаракати кишварҳои ҳамроҳнашуда, ки нимаи моҳи июли соли ҷорӣ дар Шарм-ул-Шайхи Миср баргузор мешавад, ширкат хоҳад варзид.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти ВКХ ҶТ иттилоъ доданд, дар чаҳорчӯбаи ширкат дар кори нишаст сарвари давлати Тоҷикистон бо роҳбарони як қатор ҳайатҳои давлатҳо – иштирокчиёни нишаст дидору гуфтушунид анҷом хоҳад дод.
Ҷунбиши адами тааҳҳуд ё ҳаракати кишварҳои ҳамроҳнашуда соли 1955 таъсис ёфтааст. Феълан 118 кишвар узви он буда, 17 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, дар ин ҷунбиш мақоми нозирро доранд.