Душанбе. 6-уми июл – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 июл Муовини раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Игор Сечин ва Вазири мудофиаи ин кишвар Анатолий Сердюковро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили омодагӣ ба сафари пешомади кории Перзиденти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикӣ ва ҳарбӣ-техникии ду кишвар баррасӣ шуд.
Таваҷҷӯҳи асосӣ ба масоили анҷоми пурра ва босифати сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1 ва дар ҳузури сарони ду давлат ба истифода супурдани он зоҳир гардид.
Масоили ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ, аз ҷумла омодасозии кадрҳои низомии Тоҷикистон низ аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.
Мусоҳибон ҳамчунин оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои авзои иҷтимоӣ – сиёсӣ дар Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон гуфтугӯ намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.