Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Фавқулъода ва Мухтори Подшоҳии Белгия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кристиан Меершманро ба муносибати ба итмом расидани маъмурияти дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масъалаҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, инчунин ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ муҳокима шуданд.
Таъкид гардид, ки муносибатҳои дуҷониба баъд аз сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Белгия (моҳи феврали соли 2009) ва сафари кории Сарвазири Белгия Ҳерман Ван Ромпей ба Душанбе (моҳи майи соли 2009) ба сатҳи нав расиданд.
Дар анҷоми сӯҳбат Вазир ба Кристиан Меершман барои фаъолияти пурсамараш дар таҳкими муносибатҳои дўстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Белгия изҳори ташаккур намуд. Дар ин бора аз Вазорати умури хориҷии ҶТ иттилоъ доданд.