Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Айни амзон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи шаҳрии худ бо Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ – роҳбари Маркази СММ оид ба дипломатияи пешгиркунанда дар минтақаи Осиёи Марказӣ Мирослав Енча гуфтушунид мекунад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили афзалиятноки марбут ба рушди устувор ва таъмини амният дар минтақа мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. «Дар гуфтушунид ба масъалаи вазъи Афғонистон ва роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар он таваҷҷӯҳи хосса зоҳир хоҳад шуд», – афзуд манбаъ.