Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Латвия дар сатҳи олӣ миёни кишварҳо се санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Ҳамин тариқ, сарони ду кишвар – Эмомалӣ Раҳмон ва Валдис Залтерс изҳороти муштарак дар бораи рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории минбаъдаро ба имзо расониданд.
Ғайр аз ин, созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкорӣ дар бахши иқтисод, саноат, илму фановарӣ миёни давлатҳоро вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Ғулом Бобозода ва вазири иқтисоди Латвия Артис Кампарс ба тасвиб расониданд.
Ҷонибҳо инчунин шартномаи байниҳукуматӣ дар бораи алоқаи байнулмилалии нақлиётиро низ ба имзо расониданд. Дар зери санад вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ Абдураҳими Ашӯр ва вазири мухобироти Латвия Каспарс Герхардс имзо гузоштанд.
Пас аз маросими имзои аснод президенти Тоҷикистон ба ҳамтои латвиягии худ Ордени Исмоили Сомонӣ, дараҷаи саввумро тақдим намуд. Дар навбати худ, Валдис Залтерс ба сарвари давлати Тоҷикистон унвони олии кишвари худ – Ордени се ситораро супурд.
Ёдрас мекунем, ки субҳи имрӯз президенти Латвия Валдис Залтерс бо сафари расмии серӯза ба Тоҷикистон ташриф овард. Пагоҳ президенти Латвия аз вилояти Суғд боздид намуда, рӯзи душанбе бо фаъолияти КВД «Талко» аз наздик ошно хоҳад шуд. Сафари сарвари давлати Латвия ба Тоҷикистон рӯзи 14-уми июл анҷом мепазирад.