Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар изҳороти худ ба васоити ахбори умум аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Латвия президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, КВД «Ширкати алюминии тоҷик» метавонад барои воридоти гилхок ва содироти алюминий аз бандарҳои баҳрии Латвия истифода кунад. Ӯ ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки ба КВД «Талко» супориш дода шуд, то ки дар бандари баҳрии Рига терминали боркашонӣ бунёд созад.
Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин таъкид сохт, ки ояндаи наздик дар Тоҷикистон шӯъбаи яке аз бонкҳои тиҷоратии Латвия боз мегардад. «Хатсайри ҳавоии чанде қабл бозшуда миёни Душанбеву Рига барои Тоҷикистон стратегӣ буда, аз ҷиҳати масофа роҳи наздиктарин ба кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо маҳсуб мегардад», – афзуд Эмомалӣ Раҳмон.
Маълумотнома:
Дар зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ муомилоти мол миёни Тоҷикистону Латвия 12 млн. 849,3 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 16,8 дарсад камтар аст. Тоҷикистон ба Латвия ба маблағи 2 млн. 966,7 ҳазор сомонӣ молу маҳсулот содирот карда, аз Латвия ба ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 9 млн. 882,6 ҳазор сомонӣ молу маҳсулот ворид гардидааст.