Душанбе. 13-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта вохӯрии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо президенти Латвия Валдис Затлерс доир гардид. Таври маълум сарвари давлати Латвия бо сафари расмӣ дар кишвари мо қарор дорад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси ММ МО ҶТ Шавкат Саидов иттилоъ дод, дар ҷараёни мулоқот масоили роҳандозии ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Латвия дар кори наздиксозии фаъолияти қонунгузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. «Зимни мулоқот таъкид гардид, ки айни замон ҳамкории парлумонии кишварҳо асосан дар чаҳорчӯбаи Ассамблеяи байнипарлумонии САҲА ва парлумони Аврупо ба роҳ монда шуда, изҳори умедворӣ карда шуд, ки пас аз сафари расмии президенти Латвия ба Тоҷикистон робитаҳои мустақими байнипарлумонии кишварҳо густариш хоҳанд ёфт», – гуфт Ш.Саидов.
Др ҳамин ҳол, сафари расмии президенти Латвия ба Тоҷикистон идома дошта, чанде пештар Валдис Затлерс аз вилояти Суғд боздид намуд ва имрӯз бо фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» (Талко) аз наздик ошно хоҳад гардид.