Кӯлоб. 13-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти шаҳрдории Кӯлоб қитъаи замини касонеро, ки дар мӯҳлати ваъдашуда сохтмони иншоотро ба охир нарасониданд, бозпас мегирад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сармеъмори шаҳр Озодӣ Ҳасанов иттилоъ дод, ба 11 нафар соҳибони чунин қитъаҳои замин огоҳинома дода шуда, аллакай яке аз чунин қарорҳо бекор карда шудааст. «Соҳибкор Мираҳмад Пириев, ки ваъда дода буд, дар яке микрорайонҳои шаҳр маркази тиҷоратӣ бунёд месозад, аз қитъаи замини ҷудогардида маҳрум гардида, он ба нафари дигар дода мешавад», – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи сармеъмор, шурӯъ аз соли 2008 мақомоти шаҳрдорӣ барои сохтмони 89 иншоот қитъаи замин ҷудо кардааст. «То имрӯз 5 иншоот пеш аз мӯҳлат мавриди истифода қарор гирифта, дар 11-тои он корҳо мутаваққиф шудаанд ва 18 иншоот бидуни хулосаи комиссияи давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд», – афзуд О.Ҳасанов.
Номбурда ҳамчунин изҳор дошт, ки айни замон интизор меравад
2800 гектар
замини хоҷагиҳои наздишаҳрии ноҳияи Кӯлоб ба тавозуни шаҳр гузаронида шаванд, зеро мувофиқи нақшаи генралии шаҳр, то соли 2025 дар қаламрави шаҳр бояд 250 ҳазор нафар зиндагӣ кунанд ва ин дар ҳолест, ки феълан шумори аҳолии шаҳр ба 90 ҳазор нафар баробар аст.