Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз таҳти раёсати раиси пойтахт маҳмадсаид Убайдуллоев дар мақомоти шаҳрдории Душанбе машварати корӣ доир гардида, дар он асосан масъалаҳои истифодаи мақсадноки воситаҳои буҷавӣ ва фаъолияти пурсамари хоҷагии коммуналии шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирфтанд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси шаҳр Шавкат Саидов иттилоъ дод, М.Убайдуллоев ба муовини худ Маъруф Сайфиев супориш додааст, ки фаъолияти корхонаҳои дар муддати се соли ахир хусусигардонидашуда мавриди санҷиш қарор дода шавад, зеро чанде аз онҳо аз фаъолият бозмонда, кори як қатор чунин корхонаву муассисаҳо ба ҳадафҳои хусусигардонӣ ҷавобгӯ нестанд.
Ба гуфтаи Ш.Саидов, ҳамчунин ба воҳидҳои сохтории ШСХК «Барқи тоҷик супориш дода шуд, ки назорат аз болои истифодаи пурсамари нерӯи барқ дар пойтахтро пурзӯр созанд.