Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ахири моҳи июли соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузории гуфтушуниди сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия ва Афғонистону Покистон дар назар аст.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилооти ВКХ ҶТ Давлат Назриев иттилоъ дод, сарвари давлати Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бо сафари расмӣ
ва сарони кишварҳои Русияву Афғонистон бо сафари корӣ аз Тоҷикистон боздид мекунанд. «Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, Дмитрий Медведев, Осиф Алӣ Зардорӣ ва Ҳомид Карзай баррасии масъалаи васли шабакаҳои нақлиётӣ, мухобиротӣ ва энергетикии Русияву Тоҷикистон бо Покистону Афғонистон ба нақша гирифта шудааст», – гуфт Д.Назриев.
Тибқи маълумоти ВКХ ҶТ, дар баробари масоили дигар, ҳамчунин ҷараёни корҳои амалисозии лоиҳаи бунёди хати интиқоли барқи Осиёи Марказӣ – Осиёи Ҷанубӣ ва ташкили бозори нерӯи барқи ин минтақаҳо низ баррасӣ мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки лоиҳаи
CASA
100 оид ба сохтмони хати интиқоли барқи минтақавӣ бо арзиши 680 млн. $ аввалҳои моҳи майи соли ҷорӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маъқул шуморида шуда, он имкон медиҳад, ки дар мавсими тобистон нерӯи барқи зиёдатии Тоҷикистону Қирғизистон ба пойтахти Афғонистон – шаҳри Кобул ва минтақаи шимолу ғарби Покистон интиқол дода шавад. Созишномаи таҳияи лоиҳаи бунёди хати интиқоли барқи Осиёи Марказӣ – Осиёи Ҷанубӣ 100
(Central Asia-South Asian-1000 ё CASA-1000) ва ташкили бозори нерӯи барқи ин минтақаҳо аввали моҳи август зимни баргузории конфронси чаҳоруми иштирокчиёни лоиҳаи Бозори нерӯи барқи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (
CASAREM
) дар Исломобод ба имзо расида буд.