Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон ба мусобиқоти пойгаи аспдапвонӣ, ки рӯзи 18-уми июл дар шаҳри Маскав баргузор мешавад, даъват шудааст.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҶТ иттилоъ доданд, сарвари давлати Тоҷикистон аз Миср озими шаҳри Маскав хоҳад шуд. Таври маълум, имрӯз дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Миср Эмомалӣ Раҳмон дар кори Нишасти Ҳаракати ҳамроҳнашавӣ иштирок дорад.
Интизор меравад, ки дар шаҳри Маскав мулоқоти сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон доир мегардад. Чанде қабл онҳо тариқи телефон масоили муносиботи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Кремл, зимни гуфтугӯи телефонӣ сарони кишварҳо масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷонибаро муҳокима карда, ба мақомоти дахлдор ҷиҳати тезонидани корҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак супоришоти мушаххас додаанд.