Хоруғ. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов бо сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси вилоят Шотолиб Шоқосимов иттилоъ дод, зимни сафари корӣ О.Оқилов бо ҷараёни иҷрои корҳои сохтмонии иншооти таъиноти иҷтимоиву иқтисодии ВМКБ, ки мӯҳлати анҷоми онҳо ба таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ соли оянда дар вилоят пешбинӣ шудааст, шинос мешавад. «Аз ҷумла, нахуствазир бо ҷараёни иҷрои корҳо дар бинои маркази ҷавонон, хобгоҳ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ, гимназияи президентӣ барои кӯдакони лаёқатманд, маркази омӯзишии Бонки миллӣ, таҷдиди бинои театри мусиқиву драмавӣ ва варзишгоҳи марказии Хоруғ аз наздик ошно гардида, ба сохтмони чойхонаи миллӣ ва маркази табобативу солимгардонии ширкати «Талко» дар заминаи осоишгоҳи «Гармчашма»-и ноҳияи Ишкошим ҳусни оғоз бахшид», – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Ш.Шоқосимов, худи ҳамин рӯз Оқил Оқилов дар ноҳияи Роштқалъа дар маросими ифтитоҳи Маркази солимӣ ширкат варзида, бо рафти иҷрои корҳо дар иншооти дигари ин ноҳияи шинос хоҳад шуд. «Пагоҳ бо иштироки нахуствазир баргузории маҷлиси фаъолони вилоят пешбинӣ шуда, сипас ӯ аз ноҳияҳои Мурғобу Ванҷ низ боздид хоҳад кард», – афзуд сухангӯи раиси вилоят.