Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти шаҳрдории Душанбе ҷиҳати амалисозии «Барномаи давлатии рушди бахши сайёҳӣ дар ҶТ барои солҳои 2010-2014» чораҳои зарурӣ меандешад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ доданд, аз ҷумла, Нақшаи баргузории чорабиниҳо дар шаҳри Душанбе ба ин муносибат тасдиқ карда шудааст. «Мувофиқи нақша, Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ва дигар сохтори дахлдор дар як сол бояд вобаста ба ин мавзӯъ се чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла ҳамасола дар Рӯзи байнулмилалии сайёҳӣ – 27-уми сентябр таҳти унвони «Сайёҳӣ дар Душанбе» намоишгоҳ доир созанд», – гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳадафи аслии тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо – мусоидат ба рушди ҳамаҷонибаи бахши сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе аст.