Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бо сафари расмии серӯза вориди Тоҷикистон шуд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилооти ВКХ ҶТ Давлат Назриев иттилоъ дод, маросими қабули расмии меҳмони олиқадр субҳи имрӯз баргузор мешавад. «Дар нимаи аввали рӯз нахуст мулоқоти як ба яки сарони кишварҳои Тоҷикистону Покистон – Эмомалӣ Раҳмон ва Осиф Алӣ Зардорӣ ва сипас ҳайатҳои васеъи ҷонибҳо доир мегардад», – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Д.Назриев, дар давоми рӯз Осиф Алӣ Зардорӣ бо раиси палатаи болоии паруломони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов дидору гуфтушунид хоҳад кард.
Д.Назриев афзуд, нимаи аввали рӯзи 30-юми июл вохӯрии сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон доир гардида, дар нимаи дуввуми рӯз ба мулоқот президенти Русия низ ҳамроҳ хоҳад шуд.