spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Дар бӯстонсарои «Пуғус» гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Покистон ва Афғонистон анҷом ёфт



         



Душанбе. 30-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар дараи хушманзараи Варзоб мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон – Эмомалӣ Раҳмон,

 

Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ

 

баргузор гашт.




Сарони се давлат, ки дар чаҳорчӯби муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи Созмони Конфронси Исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҳамкории густурда доранд, имрӯз бори нахуст мулоқоти муштараки сеҷониба доир намуданд. Дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор гаштани ин мулоқотро коршиносони сиёсӣ нишона аз сиёсати

 

сулҳоварии Президенти мамлакати мо Эмомалӣ Раҳмон ва ҳавасмандию омодагии устувори ӯ баҳри густариши ҳамкории судманд ба манфиати мардумони ҳамаи кишварҳои минтақа маънидод мекунанд.



Бо истифода аз ин имкони мусоид сарони се давлат – Эмомалӣ Раҳмон,

 

Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ оид ба роҳҳои таҳким ва густариши ҳамкории сеҷониба гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.



Мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии ҳамдигар ва ба ин васила боис шудан ба таҳкиму устувории амнияту субот дар минтақа аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.



Бо ҳамдастӣ боло бурдани қобилияти истеҳсолӣ, содиротӣ ва транзитии се кишвар аз тариқи бунёди нерӯгоҳҳои обӣ, хатҳои минтақавии интиқоли нерӯи барқ, пайвастани роҳҳои оҳану мошингарди Тоҷикистону Покистон тавассути қаламрави Афғонистон ва бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ аз самтҳои асосии ҳамкории иқтисодӣ маънидод гардид.



Баъди анҷоми мулоқоту гуфтушунидҳо, ки нахуст дар шакли хосса ва сипас бо иштироки ҳайатҳои се кишвар сурат гирифтанд, сарони се давлат зери баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷум?урии Исломии Афғонистон ва Ҷум?урии Исломии Покистон

 

имзо гузоштанд, ки дар он роҳу василаҳои таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкории сеҷониба инъикос ёфтаанд.



Сипас сарони се давлат – Эмомалӣ Раҳмон,

 

Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ нишасти матбуотӣ ороста, аз натиҷаи мулоқотҳои имрӯза изҳори қаноатмандӣ карданд ва зарурати идома додани чунин мулоқоту сӯҳбатҳоро ба хотири густариши ҳамкории минбаъда таъкид намуданд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.




Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...