Душанбе. 30-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Русия Дмитрий Медведев бо сафари дурӯзаи корӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шуд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ВКХ ҶТ иттилоъ доданд, гуфтушуниди чаҳорҷонибаи сарони кишварҳои Афғонистон, Покистон, Русия ва Тоҷикистон пас аз як соат шурӯъ мешавад.
Бино ба иттилои манбаъ, шоми имрӯз мулоқоти хоссаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медвелев баргузор мешавад. «Пагоҳ Э.Раҳмон ва Д.Медеведев дар маросими ба истифода додани нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ширкат хоҳанд варзид», – гуфт манбаъ.
Зикр гардид, ки сипас тибқи барномаи сафар, сарони кишварҳо дар Норак аз иншооти низомии назорати кайҳонии «Окно» боздид намуда, шоми 31-уми июл президенти Русия ҷиҳати иштирок дар нишасти ғайрирасмии СААД озими шаҳри Бишкек хоҳад шуд.