Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои машваратии роҳбарони мақомоти захираҳои давлатии кишварҳои узви ИДМ ба кор шурӯъ кард. Дар кори он ба ҷуз намояндагони Туркманистону Гурҷистон, ҳайтҳои дигари кишварҳои иттиҳод иштирок доранд.
Зимни суханронии худ дар ҷаласа муовини нахуствазири кишвар Муродалӣ Алимардон изҳор дошт, ки Шӯрои машваратӣ дар ҳоли ташаккул қарор дошта, баҳри фаъолияти пурсамари он минбаъд мебояд корҳои зиёдеро ба сомон расонид. «Дар Тоҷикистон иҷрои вазифаҳои марбут ба захираҳои моддии давлатӣ ба дӯши Агентии назди ҳукумти кишвар вогузор шудааст, ки аз моҳи апрели соли 2008 ба фаъолият шурӯъ кард», – гуфт ӯ.
Дар ҷаласа раис ва муовини раиси Шӯрои машваратӣ дар давраи солҳои 2009-2010 интихоб карда хоҳанд шуд.