Душанбе. 7 апреля. «Азия-Плюс» – | Имруз ҷаласаи кории Эмомали Раҳмон бо иштироки аъзоёни ҳукумат баргузор гардид. Таъмин намудани аҳолӣ бо нерӯи барқ яке аз мавзуоти аслии ин ҷаласа ба шумо мерафт.
Тавре ба «АП» аз маркази матбуотии раҳбари давлат хабар доданд дар ҷаласа раиси ширкати саҳомии холдингии «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров ва вазири энергетика ва саноати кишвар Шерали Гул бо гузориш баромад карданд.
Дар гузориш сабабҳои коҳиш ёфтани маҷрои оби рӯди Вахш ва кам шудани сатҳи об дар обанбори Норак зикр гардиданд, ки дар натиҷа дар кишвар барои истифодабарӣ аз қувваи барқ маҳдудият ҷорӣ карда шуд.
«Ба иттилои Абдулло Ёров ва Шерали Гул вазъи таъмини аҳолии кишвар бо қувваи барқ танҳо дар ҳолати баланд шудани ҳарорати ҳаво то ба 25-30 дараҷа гармӣ мӯътадил хоҳад шуд » – хабар медиҳад манбаъ.
Эмомали Раҳмон ба масъулон супориш дод, то тамоми имконотро барои таъмини аҳолии кишвар бо қувваи барқ ба кор баранд ва аз тамоми истеъмолкунандагони нерӯи барқ даъват ба амал овард, ки дар истифодаи барқ сарфакор бошанд.
«Дар ҷаласа зикр гардид овозаҳо атрофи он, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ин рузи сахт барои мардум қувваи барқро ба Ҷумҳурии Покистон содир мекунад асос надоранд, зеро миёни ин ду кишвар ҳанӯз хатҳои интиқоли барқ сохта нашудаанд» – мегӯяд намояндаи хадамоти матбуотӣ.
Ӯ ҳамчунин илова кард, ки раиси ҷумҳур ба мақомоти давлатӣ фармон додааст, то вазъи ба миён омада ба мардум дуруст шарҳ дода шавад.