Дашенбе. 7-ми апрел. «Азия-Плюс» – | Вазири корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ субҳи имруз ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар кард. Вазир дар вохӯрии вазирони «сегонаи» ИА – Осиёи Марказӣ, ки интизор аст имруз дар Тошканд баргузор гардад, ширкат меварзад.
Тавре ба «АП» дар департаменти иттилоотии вазорат хабар доданд, нақша аст дар баробари ширкат дар чорабинии зикршуда Зарифӣ инчунин вохӯрии дуҷониба бо вазири корҳои хориҷаи Маҷористон, ҷаноб Янош Мартонӣ баргузор намояд. Маврид ба зикр аст, ки Маҷористон давлатест,ки дар нимсолаи аввали соли 2011 дар ИА вазифаи раисиро ба душ дорад.
«Дар рафти вохури дар Тошканд нақша аст дурнамои рушди муносиботи ИА ва давлатҳои манотиқи Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯбаи амалисозии Стратегияи нави мушорикати ИА бо Осиёи Марказӣ ва инчунин масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ ва манотиқи дар бахши энергетика, муҳити зист, истифодаи манобеи обӣ, таъмини бехатарии марз ва мубориза бо маводи мухаддар баррасӣ шаванд», – хабар медиҳад ВКХ.