Душанбе. 20 апрел. «Азия-Плюс» – | Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон имрӯз паёми навбатии худро ба парлумони кишвар ирсол мекунад.
Тавре ба «АП» аз дафтари матбуотии раиси ҷумҳур хабар доданд, дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин раҳбарони вазорату мақомотҳои кишвар, раисони навоҳи, шаҳрҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ, намояндагони корпусҳои дипломатие, ки дар Душанбе номнавис шудаанд ва инчунин намояндагони ВАО даъват шудаанд..
Ба андешаи аксари таҳлилгарон, раиси ҷумҳур зимни паёми навбатии худ роҳҳои рушди кишвар дар соли ҷорӣ,самтҳои асосӣ ва дурнамои сиёсати дохилию хориҷии давлатро муайяну мушаххас мекунад.