Душанбе. 26 апрел. «Азия-Плюс» – | Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдулоев рӯзи сешанбе ҷаласаи корӣ бо иштироки масъулони маъмурияти шаҳр баргузор намуд.
Ба иттилои котиби матбуотии шаҳрдории Душанбе Шавкат Саидов, зимни ҷаласа масъалаҳои танзими хизматрасонии комуналӣ, фаъолияти нақлиёти мусофирбари пойтахт, таъмини бозорҳои шаҳр бо маҳсулот ва нигоҳ доштани нарху навои он, таъмини мактаб – интернатҳо, боғчаи кӯдакон бо маводи ғизоӣ, беҳбуд бахшидани вазъи санитарӣ дар пойтахт ва омодагӣ ба таҷлили 20 -умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вобаста ба тамоми масоили баррасишаванда раисони комиссияи депутатии шаҳр бармомад карданд, хабар медиҳад Шавкат Саидов.
«Раиси шаҳр ба комиссия депутатии дахлдор супориш дод то фаъолияташонро хубтар ба роҳ монанд ва аз раисони ноҳияҳои шаҳр таклиф ба амал овард, то аз фаъолияташон ҳар ҳафта гузориш диҳанд»,- афзуд манбаъ.