Душанбе. 27 апрел. «Азия-Плюс» – | Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, бахшида ба ҷашни 20- умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва иҷрои супоришоти раиси ҷумҳур Эмомали Раҳмон , баҳри беҳбуд бахшидани фазои фарҳангӣ дар пойтахт ва таъмини фароғати сокинон ва меҳмонони шаҳр, дар Душанбе ҳамарӯза барномаҳои консертӣ баргузор мегарданд.
Қарор рӯзи чоршанбе зимни ҷаласаи корӣ қабул карда шуд. Мувофиқи он шурӯъ аз охири ҳафтаи ҷорӣ то 9 сентябр, дар тамоми навоҳеи пойтахт, ҳамарӯза пас аз соати 18 бегоҳ барномаҳои консертӣ ва шоми эъҷодӣ гузаронда мешаванд.
Тавре сухангуи раиси шаҳр, Шавкат Саидов ба «АП» хабар дод, чорабиниҳои мазкур аз ҷониби ҳукумати шаҳр бо ҳамдасти бо Кумитаи радио ва телевизиони назди ҳукумати кишвар ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон роҳандозӣ карда мешаванд.
Ҳамчунин зимни ҷаласа макони баргузории чорабиниҳо дар боғи «Дӯстии халқҳо», боғи ба номи А. Мираненко, дар майдони 800 солагии Москав ва боғи Айнӣ муқаррар гардид.
Ба гуфтаи Шавкат Саидов, бо мақсади беҳбуд бахшидани симои шаҳр шурӯъ аз 29 апрел то 9 сентябр ҳар рӯзи шанбе бо иштироки сокинон аз ҷумла кормандони корхонаву муассисаҳои давлатӣ шанбегӣ гузаронда мешавад.