Душанбе. 27 апрел. «Азия-Плюс» – | Вакили палатаи поёнии парлумони кишвар, намояндаи ҳизби ҳоким-Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон Давлаталӣ Давлатзод рӯзи сешанбе аз рустои «1 май» ҷамоати Қуштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ дидан намуд. Вакил зимни вохӯрӣ бо сокинони ин русто роҳҳои ҳали мушкили тахриби манзилҳояшонро муҳокима кард. Дар вохӯрии мазкур ҳамчунин раиси ноҳияи Рӯдакӣ Саидмурод Тағоев ширкат варзид.
Тавре вакил ба «АП» хабар дод, тибқи мувофиқа бо роҳбарияти ноҳия, хонаҳое, ки дар он айни ҳол зиндагӣ доранд тахриб карда намешаванд. Илова бар ин феълан масъалаи тақсими замин барои сохтмони манзили хонаводаҳое, ки қаблан хонаҳояшон хароб карда шуданд, баррасӣ мешавад.
Намояндаи ҲХДТ аз аҳолии кишвар даъват намуд, то ҳангоми гирифтани порчаи замин ва иҷозатнома барои сохтмони манзил ҳушёр бошанд ва фирефтаи фанди фиребгарон ва мансабдорони ноинсоф нашаванд.