Душанбе. 29 апрел. «Азия-Плюс» – | Дар қароргоҳи шаҳрии ҳукумати кишвар имрӯз ҷаласаи навбатии ҷашнии Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, бо раисии сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гузаронда мешавад.
Тавре ба «АП» аз ҳукумати кишвар хабар доданд, дар ҷаласаи навбатӣ як қатор масоил марбут ба рушди ҷамиаи шаҳрвандӣ, ҳифзи муколамаи созанда миёни ҳукумату аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикичтон мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Интизор аст дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии кишвар аз фаъолияти 15 солаи шӯро натиҷагирӣ намуда нақшаҳои минбаъдаи он муайян карда шаванд.
Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон моҳи апрели соли 1996 дар асоси Созишномаи чамъиятӣ, ки 9 марти соли 1996 ба тасвиб расид, таъсис дода шуд.
Ба ҳайати Шӯро намояндагони ҳукумати давлатӣ, зиёиён, ҷамъиятҳои дини ва созмонҳои ҷамъиятии ғайридавлатӣ шомиланд.
Бо нишони эътироз ба натоиҷи расмии интихоботи парлумонии кишвар, ки моҳи феврали соли гузашта дар Тоҷикистон баргузор гаштанд, шӯроҳои сиёсии ҲНИТ ва ҲДТ қарори баромадан аз узвияти Шӯрои ҷамъиятиро карданд.
Аз феҳрасти тамоми ҳизбҳои сиёси танҳо Ҳизби сотсиал демократии Тоҷикистон узвияти ин Шӯроро қабул накардааст.