Душанбе. 31-уми май. «Азия-Плюс» — | Чанде қабл бо фармони президенти Қазоқистон Нурсутон Назарбоев Агибой Смагулов сафири нави Қазоқистон дар Тоҷикистон таъин гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Қазоқистон дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, Смагулов Агибой Динкенович то таъин гардидан ба ин мансаб ба ҳайси сафири Қазоқистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ифои вазифа намудааст.
Ёдрас мекунем, ки собиқ сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Абдулатиф Аҳмедов рӯзи 10-уми ноябри соли гузашта бар асари бемории дил фавтида буд.