Душанбе. 17-уми июн. «Азия-Плюс» — | Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе 30 июни соли 2011 дар Душанбе баргузор мегардад.
Тавре сухангӯи раиси пойтахт Шавка Саидов хабар дод, дар иҷлосия масоили омодагии пойтахт ба ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтиҷомии пойтахт мавриди баррасӣ қарор гирифта, гузориши Раиси Комиссияи шаҳрии интихобот Ҳусноро Мирзоева оид ба интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе шунида шуда, ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №23 ва №57 тасдиқ мегарданд. «Дар иҷлосияи Инчунин, муовини Раиси шаҳри Душанбе Сановбар Раҳимова ва раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳбуба Каримова доир ба натиҷаи татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе барои солҳои 2003-2010 ва оиди фаъолияти комиссияи гендерӣ, тандурустӣ, ҳифзи модар ва кӯдак ҳисобот медиҳанд», – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Ш. Саидов, дар иҷлосияи шаҳрӣ раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо, илм, инноватсия, маориф ва фарҳанг интихоб мегарданд.