Душанбе. 17-уми июн. «Азия-Плюс» — | Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулони ҳукумати кишвар ва Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, намояндагони аҳли илму фарҳанг ва иттилоот машварати корӣ доир намуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар машварат масоили омодагӣ ба таҷлили ҷашни солгарди 20-уми истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, истифодаи пурсамар аз заминҳои корам, таъмини фаровонию арзонӣ дар бозори истеъмолӣ ва тайёрӣ ба зимистон баррасӣ шуд.
Доир ба рафти омодагӣ ба ҷашни 20 – солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва корҳои созандагию ободонӣ гузориши Сарвазири кишвар Оқил Оқилов шунида шуд. Зикр гардид, ки дар доираи омадагӣ ба ин ҷашни пурифтихор, ки тибқи қарори ҳукумати кишвар аз моҳи декабри соли 2008 оғоз ёфта буд, сохтмон ва ба истифода додани 1350 иншооти наву замонавӣ ба нақша гирифта шуд. Корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар бонизом ба роҳ монда шудааст.
Тавре зикр гардид, танҳо дар пойтахти кишвар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Нишон ва Парчами давлатии Тоҷикистон бо майдону гулгаштҳои зебои атрофашон, боғи нави фарҳангиву фароғатӣ дар майдони 15 гектар, меҳмонхонаи панҷситорадори Сирена ва даҳҳо иншооти мўҳташами дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор доир ба вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ дар тамоми гўшаю канори кишвар, таҳия ва пешниҳоди беҳтарин барномаҳои илмию фарҳангӣ, фароғатӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳою муқаддасоти волои миллӣ, тарбияи ҳисси ифтихору сарфарозии мардум аз давлатдории миллӣ ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас дастуру ҳидоятҳо дод.
Доир ба истифодаи пурсамар аз заминҳои корам, вусъат додани кишти такрорӣ ва таъмини фаровонию арзонӣ дар бозори истеъмолӣ Муовини сарвазири кишвар Муродалӣ Алимардон, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Раиси Иттифоқи Тоҷикматлубот Сироҷиддин Валиев гузориш доданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба истифодаи пурсамар аз заминҳои корам, рўёндани ду ва зиёда ҳосил аз заминҳои обӣ, таъмини фаровонию арзонӣ дар бозорҳои кишвар ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба масъулини дахлдор, аз ҷумла роҳбарияти ҳукумати кишвар, вазорату идораҳои дахлдор, шаҳру ноҳияҳо ва бозорҳо супоришҳои қатъӣ дод. Зикр гардид, ки тибқи супоришҳои қаблии Сарвари давлат майдони кишти картошка имсол бояд 4 ҳазор гектар ва ҷамъоварии ҳосили он 80 ҳазор тонна афзун шавад. Соли оянда ин нишондодҳо бояд ду баробар зиёд гарданд. «Бо ҳамин тартиб бо истифода аз имкону захираҳои мавҷуда истеҳсоли тамоми маҳсулоти истеъмолии кишоварзӣ бояд афзоиш ёбад», – таъкид дошт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки корҳои омодагӣ ба зимистон бояд аз ҳозир вусъат ёбанд.