Душанбе. 22-юми июн. «Азия-Плюс» — | Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз лоиҳаи қонуни аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон пешниҳодшуда «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеъӣ»-ро маъқул шумориданд.
Зимни суханронии худ дар иҷлосия раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки мутобиқи қонуни мазкур дар кишвар Хазина (Фонд)-и пасандозҳо таъсис дода шуда, тамоми бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳӣ ҳатман ба он аъзо ва ба андозаи 0,5% аз ҳаҷми умумии сармояи оинномавӣ ҳаққи аъзогӣ пардохт хоҳанд кард. «Ҳадафи аслии таъсиси хазина ҳифзи пасандозҳои аҳолӣ аз ҳама гуна хатарҳо буда, Хазина метавонад аз хукумати кишвар низ қарз дастрас намояд», – гуфт ӯ.
Вакили парлумон аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков гуфт, яке аз ҳадафҳои қабули қонуни мазкур ҷалби пасандозҳои шахсони воқеъӣ ба рушди иқтисоди миллӣ аст.
Бо такя ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, И.Талбаков иброз дошт, ки феълан ҳаҷми умумии пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳову дигар ташкилотҳои қарздиҳӣ ҳудуди 1,5 млрд. сомониро ташкил медиҳад ва қонуни мазкур онҳоро аз беқурбшавӣ муҳофизат карда, пардохти фоизҳои онҳоро кафолат медиҳад.
Номбурда мӯътақид аст, ки пас аз аз қабули қонуни мазкур эътимоди мардум ба бонкҳо афзуда, он ҳамчунин ба интиқоли пасандозҳои шаҳрвандон аз бонкҳои хориҷи кишвар ба бонкҳои ватанӣ мусоидат хоҳад намуд.
Баъди анҷоми кори иҷлосия Исмоил Талбаков дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иброз дошт, ки тибқи маълумоти тасдиқнашуда, айни замон ҳаҷми пасандозҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар бонкҳои хориҷӣ аз 1,5 то 2 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки низоми бонкии кунунии Тоҷикистон аз 138 ташкилоти қарздиҳӣ, аз ҷумла 14 бонкҳову 124 ташкилотҳои ғайрибонкӣ иборат аст.