Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як мактаби нави таҳсилоти ҳамагонӣ ва дар ду мактаби дигар биноҳои нави таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки тўҳфаҳои арзанда дар арафаи солгарди 14 Рўзи Ваҳдати миллӣ арзёбӣ гардиданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 66, ки дар кўчаи Маяковский, шаҳраки 14 ноҳияи Синои пойтахт қарор дорад, ташриф оварда, бинои нави таълимии онро, ки барои 640 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Зимни шиносоӣ бо шароити таълимӣ ва сифати корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, ки ин бинои дуошёна дорои 15 синфхонаи барҳаво бо харҷи 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ дар муддати кўтоҳ сохта ва бо ашёву воситаҳои хониш муҷаҳҳаз гардидааст.
Сохтмону ба истифода додани бинои иловагии таълимӣ барои аҳолии ин маҳалла дар воқеъ тўҳфаи арзанда гардид, ки зеро то ин вақт хонандагони он, ки шумораашон беш аз 2100 нафар аст, аз сабаби нарасидани синфхонаҳо дар се баст дарс мехондаанд. Кунун имкон фароҳам омад, ки таҳсил дар ду баст ба роҳ монда шавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сўҳбатҳо хонандагонро ба хониши хубу аъло ҳидоят намуда, ба масъулини соҳа ва омўзгорон таъкид дошт, ки сатҳу сифати таълиму тарбия бояд мутобиқ ба шароити хуби муҳайёгашта баланд бардошта шавад.
Дар ҳамин маҳалла Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо лоиҳа ва рафти сохтмони маҷмааи муосири варзишӣ, ки дар паҳлўи мактаби мазкур бунёд меёбад, аз наздик шинос шуд.
Зикр гардид, ки ин маҷмааи универсалии варзишӣ, ки дорои 1,5 – 2 ҳазор ҷойи нишаст хоҳад буд, бо шароити гузарондани машқҳо ва мусобиқоти сатҳи байналмилалии олимпӣ бояд то ҷашни солгарди 20 истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Ин маҷмаа аз толорҳои футболи хурд, волейболу баскетбол, гўштигирӣ, бокс ва қариб тамоми намудҳои дигари варзиш иборат хоҳад буд.
Дар сохтмони ин иншооти муҳташам 250 бинокори маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор шудаанд, ки аз 700 то 1,5 ҳазор сомонӣ маош мегиранд.
Аз ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мактаби таҳсилоти ҳамагонии №16, ки дар маҳаллаи Титови ноҳияи Шоҳмансури пойтахт қарор дорад, ташриф овард.
Дар ин ҷо як бинои чорошёнаи иловагии таълимӣ барои 1280 хонанда дар ду баст ба истифода супурда шуд.
Тавре зикр гардид, ин бинои муҳташами иловагии дорои 29 синфхона бо харҷи 7 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфтааст. Дар ин ҷо низ, ки маҳаллаи сераҳолӣ аст, камбудии асосӣ то ин вақт нарасидани синфхонаҳо будааст. Акнун, ки шумораи умумии синфхонаҳои мактаб ба 57 адад расид, беш аз 2,5 ҳазор хонандагони он дар шароити беҳтар ва дар ду баст таҳсил хоҳанд кард. Гузашта аз ин, минбаъд дар ин мактаб беш аз 3200 нафар хонанда метавонанд дар ду баст таҳсил кунанд.
Бинои нави таълимӣ дорои синфҳои муҷаҳҳаз ва озмоишгоҳҳои махсус барои фанҳои физика, кимиё, биология, забонҳои хориҷӣ, компютер ва ҳамчунин ошхонаи барҳаво бо 70 ҷойи нишаст мебошад.
Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин як мактаби нави боҳашамати сеошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки барои 1300 хонанда бо шароити хуби замонавӣ бунёд ёфтааст.
Бинои таълимии ин мактаб аз 26 синфхонаи муҷаҳҳаз иборат буда, бо харҷи 9 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфтааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар давраи сохтмони ин мактаб 250 бинокорони маҳаллӣ бо кор ва маоиши баланд таъмин буданд.
Синфхонаҳо ва озмоишгоҳҳои фаннии мактаб, ки барои фанҳои физика, кимиё, биология, забонҳои хориҷӣ, омўзиши технологияҳои компютерӣ ва ҳунаромўзии писарону духтарон пешбинӣ шудаанд, бо таҷҳизоти махсус ва ашёву асбоби зарурӣ таъмин гардидаанд.
Дар синфи ҳунаромўзии духтарон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шоҳиди ҳунари хуби дўзандагӣ ва таомпазии духтарони синфҳои болоӣ гардида, дастур дод, ки дар тамоми мактабҳо чунин шароит муҳайё шавад ва омўзиши касбу ҳунар дар миёни духтарони наврасу ҷавон васеъ тарғибу ташвиқ карда шавад.
Боғи зимистонаи болопўшида, ки дар дохили мактаб бунёд ёфтааст, ҳамчунин метавонад чун синфхонаи фанҳои ботаникаю биология ва тарбияи ҳисси эҳтирому арҷгузорӣ ба зебоиҳои табиат хизмат кунад.
Зимни шиносоӣ бо толори маҷлисии мактаби нав, ки дорои 220 ҷойи нишаст аст, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ў шоҳиди овозхонии чанд тан аз хонандагон гардида, ба ҳунари воло ва завқу салиқаи онҳо баҳои баланд доданд.
Дар толори варзишии мактаб пас аз тамошои ҳунари варзишгарони наврас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба машқу тамрини пайваста, обутоби бадан, бурдани тарзи ҳаёти солим ва муаррифии фарҳанги паҳлавонию варзишии тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳидоят намуд.
Ба шароити дар ошхонаи мактабӣ муҳайёгашта низ баҳои баланд дода шуд.
Дар осорхонаи таърихию кишваршиносии мактаб намунаҳои зиёд аз осори таърихӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла фарҳанги зебоипарастию озодагии тоҷикон ба маъраз гузошта шудаанд.
Умуман ин мактаб бо шароити хуби замонавӣ бунёд ёфта, боиси хушҳолӣ ва сипосгузории мардуми маҳаллаи Камоли Хуҷандии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт гардид, зеро хонандагони синфҳои болоии ин маҳалла то ин вақт дар мактабҳои 2-3 километр дурр аз ин ҷо рафта таҳсил мекарданд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд.