Душанбе. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар ҷаласа нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Юсуфбеков – директори Пажӯҳишгоҳи илмҳои гуманитарии АИ ҶТ, Раҳим Масов – директори Пажӯҳишгоҳи таърих, бостонӣ ва мардумшиносии АИ ҶТ, Ҳикмат Мӯминов – директори Пажӯҳишгоҳи физика ва техникаи АИ ҶТ, Зарулло Раҳмонов – директори Пажӯҳишгоҳи математикаи АИ ҶТ таъин гардиданд.
Ҳамчунин бо қарорҳои Ҳукумати ҶТ Назаралӣ Холов – аъзои ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии ҶТ, Гулчеҳра Абдуллоева ва Мурод Маҳмудов аъзои – ҳайати мушовараи Саридораи ҳифзи сири давлатии назди Ҳукумати ҶТ таъин шуданд.