Қӯрғонтеппа. 8-уми июл. «Азия-Плюс» — | Раиси вилояти Хатлон ба муносибати ҷашни Рӯзи маъюбон ва пиронсолон ба 30 нафар маъюбони шаҳри Қӯрғонтеппа тӯҳфаҳо тақдим кард.
Дар маросими супурдани тӯҳфаҳо Ғайбулло Афзалов аз ҷумла зикр намуд, ки мақомоти раҳбарии ҳокимияти давлатии вилоят баҳри дастгирии маъюбону пиронсолон ва оилаҳои камбизаот аз тамоми имконоти мавҷуда пурсамар истифода хоҳад кард. Ӯ аз дигарон низ даъват ба амал овард, ки ба ин иқдоми хайрхоҳона ҳамроҳ шаванд, то ки афроди дорои имконияти маҳдуд худро бо мушкилоташон яккаву танҳо ҳис накунанд.
Ба қавли раиси ҷамъияти маъюбони шаҳри Қӯрғонтеппа Абдусамад Бобоҷонов, мақомоти раҳбарии вилоят ва шаҳри Қӯрғонтеппа кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз мушкилоти маъюбон худро канор нагиранд. «Бо дастгирии шахсии раиси вилоят Ғайбулло Афзалов мо дар остонаи ҷашни иди Наврӯз тӯи хонадоршавии ду нафар маъбонро барпо кардем», – гуфт ӯ.
Бино ба маълумоти расмӣ, дар ҷамъияти маъюбони шаҳри Қӯрғонтеппа 570 нафар маъюбон ба қайд гирифта шудаанд.