Душанбе. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири навтаъйини фавқулъода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Амҷад Ҳусайн Баркаталӣ Сиялро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстона анҷом ёфт, Сафир нусхаи варақаи эътимодро ба Вазири корҳои хориҷӣ супорид. Инчунин масоили вобаста ба густариши муносибатҳои байни ду кишвари Тоҷикистону Покистон баррасӣ гардид.
Сафири Покистон таъкид намуд, ки дар адои вазифаи нави худ кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ба муносибатҳои ҳасанаи Тоҷикистону Покистон саҳми арзанда гузорад. Таъкид гардид, ки барқарор намудани тамосҳои бештар байни мардум ва доираҳои соҳибкорони ду кишвар ба қавӣ гардонидани муносибатҳо рӯҳи тоза мебахшад.
Ҳарду ҷониб мувофиқ ба он буданд, ки густариши ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Покистон робитаи мустақим ба вазъият дар Афғонистон дорад ва бояд дар таъмини сулҳу субот ва рушди иқтисодиву иҷтимоии он кишвар Тоҷикистон ва Покистон саҳмгузор бошанд.