Душане. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Субҳи рӯзи 9-уми сентябр ба ифтихори ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт намоиши идона баргузор мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, рӯзи 18-уми июл раиси пойтахт Маҳмадсад Убайдуллоев дар машварати фаъолони шаҳр изҳор кардааст, ки субҳи 9-уми сентябр дар майдони асосии кишвар ба муносибати ҷашни истиқлол гузашти низомии пуршукӯҳ ва намоиши идонаи сокинони пойтахт доир мегардад.
«Шоми ҳамон рӯз дар варзишгоҳи марказии пойтахт бахшида ба ин ҷашн намоиши театрикунонидашуда ба маърази тамошо гузошта хоҳад шуд», – гуфт ӯ.
Ба қавли Ш.Саидов, рӯзи ҷашн дар боғҳои истироҳату фароғати «Дӯстии халқҳо», Боғи ба номи Садриддин Айнӣ, «800-солагии Маскав», гулгашти ба номи Мироненко ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр низ чоарбиниҳои идона ва сайругашти оммавӣ баргузор мешаванд.